Мутриби обон муноҷоти хазонро менавозад,
Мутриби обон муноҷоти хазонро менавозад,
Ин ҷарас савти гузашти корвонро менавозад.
Абр ҳам ҳоло бирешим метанад бо суръати тунд,
Ин бирешим рафтани умри равонро менавозад.
Сим баркан, чаҳ-чаҳи тилфон паёми васл н-орад,
Ҳаҷри ту симфониёи ҷовидонро менавозад.
Модари ман менависад номаи фарҳанги гулҳо,
Бостонӣ нест ӯ, чун бӯстонро менавозад.
Пирии ӯ гулфишонтар аз ҷавонии ману мост,
Дар дилаш сад орзу зарби ҷавонро менавозад.
Рӯҳро густурда бояд дошт баҳри мақдами дӯст,
Бехабар меояд он ҷоне, ки ҷонро менавозад.
Мекунам аз гунбади гардун азони ишқ ирсол,
Пештар аз он ки ҷисмам хокдонро менавозад.