Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Зангӯла зад офтоб, хезед,

Зангӯла зад офтоб, хезед, Аз маҳкамаҳои хоб хезед. Урён бишавед, осмонҳо, Аз маҳбаси нӯҳниқоб хезед. Эй мардумакони чашми кофар, Аз ғафлати носавоб хезед. Эй тӯдаи диляхони бесӯз, Як бор шавед об, хезед. Тифлии шумо ба хоб бигзашт, Рӯзи адами шабоб хезед. Ин зарбаи белро шунидед, Аз ҳайбати гӯркоб хезед. Эй панҷараҳои пилкбаста, Бо даъвати офтоб хезед. Худ Мункару худ Накир бошед, Бар пурсишу бар ҷавоб хезед.