Нури ту бар ҷаҳони ман мерасаду намерасад,
Нури ту бар ҷаҳони ман мерасаду намерасад,
Бар ҳарами ниҳони ман мерасаду намерасад.
Нолаи гармҷӯши дил, валвалаи хамӯши дил
То ту, ай осмони ман, мерасаду намерасад.
Сӯзи туву мақоми ту, пайки туву саломи ту
Бар найи устухони ман мерасаду намерасад,
Дил чу гулест барг-барг аз дами жолаву тагарг,
Исии меҳрубони ман мерасаду намерасад.
Қуфл задаст гӯши ман, дар бизан, эй сурӯши ман,
Тақ-тақи ту ба ҷони ман мерасаду намерасад.
Шеър чу ваҳйнома аст, аз нафасаш шамома аст,
Қосиди ростони ман мерасаду намерасад.
Мерасаду намерасад номаи ман ба номи ту,
Номаи бебаёни ман мерасаду намерасад.