Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Ҳоло ҳама қиёмати дил беқиём шуд,

Ҳоло ҳама қиёмати дил беқиём шуд, Лабҳои хайргӯ чӣ қадар бесалом шуд. Он дил куҷову чоряки ишқи ӯ куҷо, Дар ними сония тапишаш ихтимом шуд. Ёдаш ба хайр беадабии шабобро, Дил гарчи пир гаштаву боэҳтиром шуд. Қосид зи ҳафт шаҳр гузашту фаро расид, Дар остони хонаи мо бепаём шуд. Ҳам маҳрам аз ту омаду ҳам марҳами даво, Аммо куҷо ҷароҳати дил илтиём шуд. Ҳоло бубин, тамомият оғоз мешавад, Оғози ту агарчи ба зоҳир тамом шуд. Донӣ, баландмартабагии дилам зи чист, Бо гарди нухбагони ҷаҳон ҳаммақом шуд. Гуфтам, ки нуқта мениҳам, инак, зи баъди ишқ, На, ишқи ман се нуқта шуду бардавом шуд…