Ҳубутат нозанинтар бошад аз меъроҷ, эй хуршед,
Ҳубутат нозанинтар бошад аз меъроҷ, эй хуршед,
Туро, эй номусаххар, дидаи мо кай тавонад дид?
Гули хуршедгардонам, ки рӯи ҷонамози субҳ
Туро бо чашм кардам ламс, эй тасбеҳи марворид.
Намедонам, барои чанд рӯз, эй ошнои роз,
Ману ту хайма густурдем дар бошишгаҳи уммед.
Ҷавонмардона карданд эҳтиёт аз сӯзи маҷнунӣ
Дили беишқи худро сояпарвардони маҷнунбед.
Аҷаб набвад, ки шакли зиштро мазмуни зебоест,
Зи каҷкӯли гадо гарчи наёбӣ соғари Ҷамшед.
Ало, эй ишқ, эй веростори ҷадвали тақвим,
Фақат ту фурсати ҳастии моро мекунӣ тамдид.
Шаҳодатномаи ҳастии ман танҳо ту бош, эй шеър,
Зи баъди марг ҳам бинвис ба номам ҳуҷҷати тавлид.