Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Биё ба вақти тулӯи шукуфаҳои сафед,

Биё ба вақти тулӯи шукуфаҳои сафед, Ту, эй савори саманди тилоии хуршед. Биё, ки омаданат раҳхате ба зистан аст Барои ин дили бисмил, ки аз ҷаҳон бибурид. Биёву бар ҳунарам бин, ки бозгӯ бикунам Ҳар он чиро, ки нагуфтиву гӯши ман бишунид. Бикун уруҷу барафрӯз шамъи анҷумро, Ба рӯи шаб, ки бувад гӯри офтоби шаҳид. Кунун, ки ханҷари Баҳром хун барафшонад, Шикаста чангу буридаст панҷаи Ноҳид, Биё ба маҳфили ин пошхӯрдагони ғариб, Ки дар паёми ту хонам ҳамосаи тавҳид. Бимон, ки дар лаби ман ҳам бимонад ояти ишқ, Бизӣ, ки дар дили ман ҳам зияд фурӯғи умед. Зи роҳи ҷон бирасидӣ, чӣ марҳамат кардӣ, Ба ҷон, ки ҷони ту нозам, азизи тозанавид. Биё, ба боғи дилам мужда деҳ чу ҳудҳуди бод, Биё ба вақти тулӯъи шукуфаҳои сафед.