Чу Исо кист раҳпаймои хуршед,
Чу Исо кист раҳпаймои хуршед,
Ки бинвозад сари танҳои хуршед.
Зи боғи Ҳофиз афлесун рабудам,
Ки таъме дошт аз хурмои хуршед.
Макаш аз шиша берун талхвашро,
Даҳон ширин кун аз ҳалвои хуршед.
Дили хуршедиямро мешиносӣ,
Ту эй раҳбурда бар маънои хуршед.
Раҳоӣ буд банди пои Маҷнун,
Биё, рафтем бар паҳнои хуршед.
Чаро ман бар шабистоне нарафтам,
Маро аз роҳ зад овои хуршед.
Ба субҳистон, ба субҳистони ҷонҳо
Биё, рафтем, эй Мавлои хуршед.