Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Ошиқон оинаҷавҳар омаданд,

Ошиқон оинаҷавҳар омаданд, Тозаабра, шустаастар омаданд. Як варақ, к-аз дафтари тақвим рехт, Номҳо дар лавҳи мармар омаданд. Ошиқон берун зи лавҳу ҷадваланд, Зинда баъди субҳи маҳшар омаданд. Мантиқи дунё на он монад, ки буд, Ҷумлагон ғайри муқаррар омаданд. Сақфҳо сӯи парасту пар заданд, Бомҳо пеши кабӯтар омаданд. Зоғҳо чаҳ-чаҳ заданд аз ишқи гул, Булбулон ногаҳ ба қар-қар омаданд. Кибрҳо бо аҷзҳо яксон шуданд, Обҳои дида шар-шар омаданд. Дар мақоми ишқ таҳту фавқ нест, Чокару хусрав баробар омаданд. Фитна оташ дар ду олам ҳам, ки зад, Он Сиёвушон музаффар омаданд. Бар тавофи як ту, эй аҳроми ишқ, Абрҳо эҳром дар бар омаданд. Кӯҳнагиро сад лагад зад пои ишқ, Солмандон тозаву тар омаданд. Шукр мегӯям, ки бо бардору зан Тобу табҳо боз аз сар омаданд. Ишқ бори аввал омад, шукр, шукр, Қосидонаш бори дигар омаданд.