Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Худкомагон ба оши ҳарифона мераванд,

Худкомагон ба оши ҳарифона мераванд, Мастони бемаҷоз ба майхона мераванд. Дар ҳар қадам зи худ асари куфр мениҳанд, Боре ба шукри розиқи маннон намераванд. Дар ин ҳазору якшаба умри залили худ Буду набуд аз пайи афсона мераванд. Дар ибтидо чу ҳамсафи Суқрот мерасанд, Поёни базм чун саги девона мераванд. Ҳамсабқатанд ҷумла шикамборагони давр, Бехуд зи пушти лаззати бегона мераванд. Масти аласт кист дар ин базми обу гил, Садроҳагон кай аз пайи якдона мераванд. Инон ҳаловати саҳаристон надидаанд, Дигар куҷо ба сӯи шакархона мераванд.