Бархез, дил, ки фасли муҳаббат тамом шуд,
Бархез, дил, ки фасли муҳаббат тамом шуд,
Пар зад кабӯтари саҳару бепаём шуд.
Дилро гузашти вақт каме боадаб накард,
Ин пири пир баччаи беинтизом шуд.
Бояд салом доду алайке талаб накард,
Некӣ тамаъ, ки дошт, ҳамоно ҳаром шуд.
Ин дил, ки дар асорати ташвиши зиндагист,
Сад бор кард шӯришу охир ғулом шуд.
Яъне сафед будаму хокистарӣ шудам,
Ин хос хира гашт, ки ҳамранги ом шуд.
Охир бубин, чу ваҳйи муҳаббат фаро расид,
Як одами гилӣ ба Худо ҳаммақом шуд.
Бигзашта рафт, дар ғами падруди ӯ мабош,
Бояд дубора дар лаби фардо салом шуд.