Бовар бикун, ки субҳ дигарбора медамад,
Бовар бикун, ки субҳ дигарбора медамад,
Мижгони офтоб ба рӯи ту мехамад.
Бовар бикун, ки фасли нави нағма мерасад,
Гул боз дар баҳоргаҳи тоза мечамад.
Он рафтанӣ, ки омаданитар зи ҳар кас аст,
Аз нафҳаи муаттари оянда мешамад.
Пешонии фишурдаи мо боз мешавад,
Абр аз шафақфурӯзии афлок мерамад.
Эй дил, магӯ, ки силсилаялдост умри мо,
Бовар бикун, ки субҳ дигарбора медамад.