Он чашмаи кӯҳистон оиназамир омад,
Он чашмаи кӯҳистон оиназамир омад,
Он чашматарин инсон хуршедназир омад.
Сад тира кунад шубҳа бар асли булӯринаш,
Сад хира сияҳ бинад ӯро, ки мунир омад.
То дарди туро хонад, то дарди маро хонад,
Он дардшунав омад, он дардпазир омад.
Як бор нашуд сарзер аз қуллаи инсонӣ,
Ҳарчанд ба сар ӯро санг омаду тир омад.
Аслан абадият чист, нав будану нав мондан,
Бар кӯҳнаҳасудон гӯ: он тозанафир омад.
Дарёи Зарафшон шуд ӯро варақи адвор,
Бар сабти ҳар оҳангаш хуршед дабир омад.