Шеърҳо бо теги: ғазал
Шеърҳои марбут ба теги «ғазал» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Дилам хун, дилам хун, дилам хун, Худоё,
Дилам хун, дилам хун, дилам хун, Худоё, Худоё, мадад кун, ҳам акнун, Худоё. Магар чашми каҷ дорам, ин ки бидидам Фалакро чу тоқии ворун, Худоё.
Гул ба гул омадӣ, баҳор, биё,
Гул ба гул омадӣ, баҳор, биё, Офтобона худнисор, биё. Лутф кун, то дубора кор ояд Дили соқит зи эътибор, биё.
Боғ омода ба таҷлили баҳор аст, биё,
Боғ омода ба таҷлили баҳор аст, биё, Дар раги барг сабо набзшумор аст, биё. Осмон омаду дар ҷӯ тани урёнро шуст, Ёди ман ёди туро оинадор аст, биё.
Субҳи меъроҷи шабнам аст, биё,
Субҳи меъроҷи шабнам аст, биё, Зиндагӣ як ҳамин дам аст, биё. Омад аз осмону вопас рафт, Қатра-Исии Марям аст, биё!
Эй табиби ғайб, эй хуршеди фарвардин, биё!
Эй табиби ғайб, эй хуршеди фарвардин, биё! Доруи нурам фирист аз сӯзани заррин, биё. Чун сияҳгӯш аз бари доман бияфшон барфро, Растухезе кун, зи мағзи донаи таҳ
Хаста мешавӣ рӯзе аз чарову аз чунҳо,
Хаста мешавӣ рӯзе аз чарову аз чунҳо, Хаста аз Арастуҳо, хаста аз Фалотунҳо. Дар замони компутар ҳамчу шохи динозавр Дар музей ҳам набвад устухони Маҷнунҳо.
Бояд канора ҷуст зи бархурди хомаҳо,
Бояд канора ҷуст зи бархурди хомаҳо, Ин размро хуҷаста набошад идомаҳо. Ноқобилӣ бубин, ки муқобил нишастаанд Як сӯ кулаҳфарангу дигар сӯ амомаҳо.
Худкушӣ ҳам осон аст аз худофариниҳо,
Худкушӣ ҳам осон аст аз худофариниҳо, Боядам раҳе бикшод аз гираҳҷабиниҳо. Одиву заминиям байни осмониён, Осмониям, оре, байни ин заминиҳо.
Субҳ омад бар муборакбодии бедорҳо,
Субҳ омад бар муборакбодии бедорҳо, Зери анбон чанд субҳе монда, эй саршорҳо. Медавад аз субҳи солеҳ офтоби сурхрӯ Ҳамчу тифлии ману ту сар-сари деворҳо.
Рафтем, гули мино, рафтем ба гулшанҳо,
Рафтем, гули мино, рафтем ба гулшанҳо, Бар хотири ман овар шодии шукуфтанҳо. Бо духтари афсона дар боғи Ирам будам, Дар маҳфили райҳонҳо, дар масҷиди савсанҳо.
Чаман андар чаман гӯям муборакбодии гулҳо,
Чаман андар чаман гӯям муборакбодии гулҳо, Ки барпо мешавад имшаб шаби эҷодии гулҳо. Ҳуруфе дорам, аммо андалебон сахт меранҷанд Зи бемаҷнунии гулгашту бефарҳод
Ғукон нишеман кардаанд андар булӯрин обҳо,
Ғукон нишеман кардаанд андар булӯрин обҳо, Ман ҳурии нилуфарам рӯида дар мурдобҳо. Чун чашм бикшодам яке, чашми ҳақиқат баста буд, Печидам аз нав хешро дар парн
Шабест рӯшан, шабест зебо,
Шабест рӯшан, шабест зебо, ҳилоли наврас чу дасти Мӯсо, Шабошаб анвар, шабошаб афшон зи тоқи мино ба боғи дунё.
Ташхис кун диламро, эй Бӯалии Сино,
Ташхис кун диламро, эй Бӯалии Сино, К-ин хатти печ дар печ танҳо турост хоно. Чун хори гул зи гулдон дар чашм менамояд Доғе, ки менуҳуфтам зери қабои раъно.
Қувваи ҷозибаи Нютон аст қувваи ҷозибаи
Қувваи ҷозибаи Нютон аст қувваи ҷозибаи Мавлоно, Балки садчанд фузун аз он аст қувваи ҷозибаи Мавлоно.
Баркандагӣ мабод дар ин ҷамъи ҷӯри мо,
Баркандагӣ мабод дар ин ҷамъи ҷӯри мо, Ҳар субҳ бод номабиёри сурури мо. Чашмони дӯст шишаи моро булӯр дид, Дар чашми хасм шиша намояд булӯри мо.
Милод муборак, эй накӯахтари мо,
Милод муборак, эй накӯахтари мо, Эй меҳрнажоди мову эй меҳтари мо. Милод муборак, эй банӣ Садри Зиё, Имрӯзфурӯзи мову фардобари мо.
Субҳи обӣ, субҳи обӣ, чатри нилуфар кушо,
Субҳи обӣ, субҳи обӣ, чатри нилуфар кушо, Гиря кун, абри ҳиҷобӣ, дар садаф гавҳар кушо. Лаззати васли маро бо рӯшанӣ эҳсос кун, Панҷара, бар шодбоди субҳ чашми
Дирам дарҳам зада инсониятро,
Дирам дарҳам зада инсониятро, Риё хӯрда фари рӯҳониятро. Ба ҷавҳар гӯлахиӣ, дар рух-ашроф, Кушудам сурати пинҳониятро.
Ба куҷо занам, Худоё, сари дардманди худро,
Ба куҷо занам, Худоё, сари дардманди худро, Ба чӣ раҳ нишот бахшам дили ғамписанди худро. Ту ба шодии раҳоӣ қадаҳе бигиру хуш бош, Ки зи гарданат гирифтам ба ҳа
Боди саҳар, салом гӯ ғунчаи хомхобаро,
Боди саҳар, салом гӯ ғунчаи хомхобаро, Дар кафи барг ҳак бикун сабзтарин китобаро. Чирки ману зулоли ту, мисли ману мисоли ту Кист, ки дида инчунин шабрави беса
Номам тарошхӯрда кунад гавҳари маро,
Номам тарошхӯрда кунад гавҳари маро, Килкам шикасти бикр шавад дафтари маро. Эй ҳастият - паноҳгаҳи охирини ишқ, Мардӣ бикун, наҷот бидеҳ бовари маро!
Метавон бе ишқ ҳам рафтан давоми роҳро,
Метавон бе ишқ ҳам рафтан давоми роҳро, Баҳри бемеҳре намеарзад кашидан оҳро. Чун ҳама будан чӣ душвор аст баҳри чун мане, Боз бар то кӯчаи ғафлат мани огоҳро.
Густурд зиндагонӣ сад кӯча печу хамро,
Густурд зиндагонӣ сад кӯча печу хамро, Дар ин даводави сахт афтондаам қаламро. Таъхир мекунам ман дар истифодаи вақт, Эй офтоби пешин, дарёб субҳидамро.
Худо, ки дод чунин хилқати мунир туро,
Худо, ки дод чунин хилқати мунир туро, Инояти азалӣ бод дастгир туро. Ба зери бол чу Симурғи Золизарпарвар Бимон, ки ҳифз кунад осмони пир туро.