Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон

Шеърҳо бо теги: ғазал

Шеърҳои марбут ба теги «ғазал» дар сомонаи «Шоирон».

Шоирон

Эй васл, садоям кун бар дафъи парешонӣ,

👁 4

Эй васл, садоям кун бар дафъи парешонӣ, То рустану бишкуфтан, то фасли гулафшонӣ. Бигзор Душанбе бод саҷҷодаи ишқи мо, Бо ҳам биравем охир бо ҷодаи нуронӣ.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Ту субҳи тозанавидӣ, баҳори гулбандӣ,

👁 1

Ту субҳи тозанавидӣ, баҳори гулбандӣ, Ҳанӯз ғунчаи омодаи шакархандӣ. Ту ҳамсулолаи нуриву ҳамсулули сафо, Ба ҳар чӣ поку мубаррост, сахт монандӣ.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Агар мутолиаи шаб кунам, ситора туӣ,

👁 1

Агар мутолиаи шаб кунам, ситора туӣ, Даруни оинаи субҳ ҳам ҳамора туӣ. Чӣ сон зудоямат, эй ҷону дил, ки таҳ бар таҳ Даруннигораи ҷониву дилнигора туӣ.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Боли ҳуморо зи куҷо мехарӣ,

👁 1

Боли ҳуморо зи куҷо мехарӣ, Фарру зиёро зи куҷо мехарӣ? Панҷараҳоро зи дарун бастаӣ, Боди саборо зи куҷо мехарӣ?

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Шаб, ки моҳ мехонад дар шуъои урёнӣ

👁 2

Шаб, ки моҳ мехонад дар шуъои урёнӣ Аз ҳавошии ҷӯбор хатти сабзи райҳонӣ. Ҳиҷларо кушо, эй шеър, кадхудои умри ман, Ҳиҷларо кушо, омад бонуи шабистонӣ.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Ту ҳанӯз тозаҷонӣ, ту ҳанӯз навнумӯӣ,

👁 1

Ту ҳанӯз тозаҷонӣ, ту ҳанӯз навнумӯӣ, Лаби лаб зи хандаҳоӣ, пури пур зи орзуӣ. Ба куҷо, ки по бимонӣ, раҳи бастае набинӣ, Қадамат ҳуҷаста бодо ба куҷо, ки раҳ б

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Эй ёсуман, ки тарҷумаи нози ман туӣ,

👁 3

Эй ёсуман, ки тарҷумаи нози ман туӣ, Рӯҳи ҳарири субҳпарии чаман туӣ. Худро бибахш бар нафаси нозбӯи ман, Рашки сапеди атри Парису Хутан туӣ.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Нимашаб дар хоби ман мижгон задӣ,

👁 2

Нимашаб дар хоби ман мижгон задӣ, Бар раги гул сӯзани борон задӣ. Омадӣ оинатар аз оина, Партаве аз ҷавҳари урён задӣ.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Бирез, тифли барозида, чун гули сурӣ

👁 1

Бирез, тифли барозида, чун гули сурӣ Дар ин сукути зимистон садои шайпурӣ. Туӣ, ки рашҳаи мусиқии баҳори навӣ, Туӣ, ки номаи ояндаиву мастурӣ.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Як таҷалло бизан, оинаи нишопурӣ,

👁 1

Як таҷалло бизан, оинаи нишопурӣ, То мубаддал бишавад девии мо бар ҳурӣ. Дар бубастам, ки пур аз шаъшааи ёр шавам, То ба гумномии ман рашк барад машҳурӣ.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Мекунад лай-лай ғунчаи сурӣ,

👁 2

Мекунад лай-лай ғунчаи сурӣ, Мекашад карнай дили шайпурӣ. Метапӣ бе сабк, мезанӣ бе завқ, Дили роботӣ, дили дастурӣ.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Гуноҳам сахт бисёр аст, мебахшӣ, намебахшӣ,

👁 1

Гуноҳам сахт бисёр аст, мебахшӣ, намебахшӣ, Ба дӯши нуҳ фалак бор аст, мебахшӣ, намебахшӣ. Дар ин боме, ки аз таҳрики фарвардин нашуд бедор, Ҳамоно барфи перор

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Бори дигар ҳамаро куштаи ҳайрат кардӣ,

👁 1

Бори дигар ҳамаро куштаи ҳайрат кардӣ, Офарин, эй дили навзинда, ки ғайрат кардӣ. Нағмаро аз қафаси танг бурун овардӣ, Охир озод шудӣ, тоза шуҷоат кардӣ.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Кош, шабнам будаме, эй кош, шабнам будаме,

👁 1

Кош, шабнам будаме, эй кош, шабнам будаме, Дар ғуруби умр бо хуршед тавъам будаме. Гӯшашинӣ кардаме, хилватгузинӣ кардаме, Боз ҳам бо шамси оламтоб ҳамдам будам

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Дарёи осмон, ки бувад тифли шабнаме,

👁 3

Дарёи осмон, ки бувад тифли шабнаме, Мо офаридаем дар ин гӯша оламе. Чуғдему дар хароба ғазалхон нишастаем, Манмой айби мо ба ҳақирии замзаме.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Дубора қудрати парвоз медиҳӣ ё не,

👁 1

Дубора қудрати парвоз медиҳӣ ё не, Ба арғунуни куҳан соз медиҳӣ ё не. Ало зи рашҳаи ин Замзами ниҳон огоҳ, Лабони замзамапардоз медиҳӣ ё не.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Дили ман бори дигар дилбарона метапад ё не,

👁 2

Дили ман бори дигар дилбарона метапад ё не, Дар ин нахли дусадсола ҷавона метапад ё не. Чӣ оташҳо, ки дар ман буду боди зиндагӣ пуф кард, Дар ин хокистари мурда

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Дили беҳавсала, камзарфу тапишбохтаӣ,

👁 1

Дили беҳавсала, камзарфу тапишбохтаӣ, Гунаҳат чист, ки таслиму сарандохтаӣ. Ихтисори ту намуданд, аё баҳри дамон, Ҳар қадар ҳам, ки зи соҳил ба бурун тохтаӣ.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Чун ҷазираи бекас хӯ кунам ба хомӯшӣ,

👁 1

Чун ҷазираи бекас хӯ кунам ба хомӯшӣ, Шуҳратам ба побӯсат ояд, эй фаромӯшӣ. Лаззатест танҳоӣ, лаззате, ки дарёбӣ, Баъд аз он намеҷӯӣ лаззати ҳамоғӯшӣ.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Ханда зан, эй гули ёқут, дар ин чиллаи дай,

👁 1

Ханда зан, эй гули ёқут, дар ин чиллаи дай, Ба ҷаҳон ҷон бидаровар, ки туӣ нолаи най. Аждари ҷаҳл шафақ хӯрду ҳама хомӯшанд, Интизоранд, ки кай мекунад ин аждар

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Эй вуҷудат вуҷуди наврӯзӣ,

👁 1

Эй вуҷудат вуҷуди наврӯзӣ, Сабзпайки вуруди Наврӯзӣ. Ҳафт синӣ ва ё ки чил ёсин, Иди наврӯзу уди наврӯзӣ.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Ҳам ишқи маҷозиӣ, ҳам ишқи ҳиҷозиӣ,

👁 1

Ҳам ишқи маҷозиӣ, ҳам ишқи ҳиҷозиӣ, Яъне, ки ҳақиқиӣ, бо он ки маҷозиӣ. Эй аз ҳама ҳам сода в-эй аз ҳама ҳам душвор, Гаҳ дарси алифбоӣ, гоҳе тиби Розиӣ*.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Турна-турна бигзашта солу моҳи парвозӣ,

👁 3

Турна-турна бигзашта солу моҳи парвозӣ, Пушти Қоф анқо шуд фасли тифлию бозӣ. То кай, эй дили бодӣ, бе иҷозати тақвим, Лола-лола механдӣ, ғунча-ғунча менозӣ.

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Пушти қафас шукуфта як лолаи маҷозӣ,

👁 2

Пушти қафас шукуфта як лолаи маҷозӣ, Чашме биёру бингар ин лолаи ҳиҷозӣ. Пеши ту ҳадя бурдам тақвими лолаи сурх, Эй ки ҳамешасабзӣ, тақвимро чӣ созӣ,

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ

Барф зад, олиҳаи субҳ, гуҳар дар гуҳарӣ,

👁 1

Барф зад, олиҳаи субҳ, гуҳар дар гуҳарӣ, Барф зад, отифаи боғ, шакар дар шакарӣ. Дили ман панҷарае буд, ки дасте накушод, Барф, эй барф, чӣ кор оядат ин шишагар

Фарзонаи Хуҷандӣ
Фарзонаи Хуҷандӣ
Саҳифаи 1 аз 20