Шеърҳо бо теги: ғазал
Шеърҳои марбут ба теги «ғазал» дар сомонаи «Шоирон».
Эй лӯъбати хандон
Эй лӯъбати хандон, лаби лаълат кӣ газидаст? В-аз боғи латофат гули рӯи ту кӣ чидаст? Некӯтар аз ин мева ҳама умр кӣ хӯрдаст? Ширинтар аз ин харбуза ҳаргиз кӣ бу
Бар он банда Ҳақ некуӣ хостаст
Бар он банда Ҳақ некуӣ хостаст, Ки бо ӯ, дилу дасти зан рост аст. Зи бегонагон чашми зан кӯр бод, Чу берун шуд аз хона, дар гӯр бод!
Дар он нафас, ки бимирам дар орзӯи ту бошам
Дар он нафас, ки бимирам дар орзӯи ту бошам, Бар он умед диҳам ҷон, ки хоки кӯи ту бошам. Ба вақти субҳи қиёмат, ки сар зи хок барорам, Ба ҷустуҷӯи ту хезам, ба
Ёро, биҳишт суҳбати ёрони ҳамдам аст
Ёро, биҳишт суҳбати ёрони ҳамдам аст, Дидори ёри номутаносиб ҷаҳаннам аст. Ҳар дам, ки дар ҳузури азизе бароварӣ, Дарёб, к-аз ҳаёти ҷаҳон ҳосил он дам аст.
Корам чу зулфи ёр парешону дарҳам аст
Корам чу зулфи ёр парешону дарҳам аст, Пуштам ба сони абруи дилдор пурхам аст. Ғам шарбате зи хуни дилам нӯш карду гуфт: Ин шодии касе, ки дар ин давр хуррам ас
Шароб аз дасти хубон Салсабил аст
Шароб аз дасти хубон Салсабил аст, В-агар худ хуни майхорон, сабил аст. Намедонам, рутабро чошнӣ чист, Ҳамебинам, ки хурмо бар нахил аст.
Дида аз дидори хубон баргирифтан мушкил аст
Дида аз дидори хубон баргирифтан мушкил аст, Ҳар кӣ моро ин насиҳат мекунад, беҳосил аст. Ёри зебо гар ҳазорат ваҳшат аз вай дар дил аст, Бомдодон рӯи ӯ дидан с
Пои сарви бӯстонӣ дар гил аст
Пои сарви бӯстонӣ дар гил аст, Сарви моро пои маънӣ дар дил аст. Ҳар кӣ чашмаш бар чунон рӯй уфтод, Толиъаш маймуну фолаш муқбил аст.
Диле ки ошиқу собир бувад, магар санг аст?
Диле ки ошиқу собир бувад, магар санг аст? Зи ишқ то ба сабурӣ ҳазор фарсанг аст. Бародарони тариқат, насиҳатам макунед, Ки тавба дар раҳи ишқ обгина бар санг а
Эй ки аз сарви равон қадди ту чолоктар аст
Эй ки аз сарви равон қадди ту чолоктар аст, Дил ба рӯи ту зи рӯи ту тарабноктар аст. Дигар аз ҳарбаи ҳунхори аҷал нандешам, Ки на аз ғамзаи хунрези ту нобоктар
Ишрат хуш асту бар тарафи ҷӯй хуштар аст
Ишрат хуш асту бар тарафи ҷӯй хуштар аст, Май бар самоъи булбули хушгӯй хуштар аст. Айш аст бар канори суманзор хоби субҳ, Не, дар канор ёри суманбӯй хуштар аст
Чашмат хуш асту бар асари хоб хуштар аст
Чашмат хуш асту бар асари хоб хуштар аст, Таъми даҳонат аз шакари ноб хуштар аст. Зинҳор аз он табассуми ширин, ки мекунӣ, К-аз хандаи шукуфаи сероб хуштар аст.
Фарёди ман аз фироқи ёр аст
Фарёди ман аз фироқи ёр аст, В-афғони ман аз ғами нигор аст. Бе рӯи чу моҳи он нигорин Рухсораи ман ба хун нигор аст.
Ҳар касеро натавон гуфт, ки соҳибназар аст
Ҳар касеро натавон гуфт, ки соҳибназар аст, Ишқбозӣ дигару нафспарастӣ дигар аст. Ба ҳар он чашм ки бинанд, сиёҳ асту сапед, Ё сапедӣ зи сиёҳӣ бишиносад, басар
Айби ёрону дӯстон ҳунар аст
Айби ёрону дӯстон ҳунар аст, Сухани душманон на муътабар аст. Муҳри меҳр аз даруни мо наравад, Эй бародар, ки нақш бар ҳаҷар аст.
Ин бӯи рӯҳпарвар аз он хӯи дилбар аст
Ин бӯи рӯҳпарвар аз он хӯи дилбар аст, В-ин оби зиндагонӣ аз он ҳавзи Кавсар аст. Эй боди бӯстон, магарат нофа дар миён, В-эй мурғи ошно, магарат нома дар пар а
Аз ҳар чӣ меравад, сухани дӯст хуштар аст
Аз ҳар чӣ меравад, сухани дӯст хуштар аст, Пайғоми ошно нафаси рӯҳпарвар аст. Ҳаргиз вуҷуди ҳозири ғоиб шунидаӣ? Ман дар миёни ҷамъу дилам ҷои дигар аст.
Эй лӯъбати хандон
Эй лӯъбати хандон, лаби лаълат кӣ газидаст? В-аз боғи латофат гули рӯи ту кӣ чидаст? Некӯтар аз ин мева ҳама умр кӣ хӯрдаст? Ширинтар аз ин харбуза ҳаргиз кӣ бу
Афсӯс бар он дида, ки рӯи ту надидаст
Афсӯс бар он дида, ки рӯи ту надидаст, Ё дидаву баъд аз ту ба рӯе нигаридаст. Гар муддаъиён нақш бибинанд париро, Донанд, ки девона чаро ҷома даридаст.
Шаби фироқ кӣ донад, ки то саҳар чанд аст?
Шаби фироқ кӣ донад, ки то саҳар чанд аст? Магар касе, ки ба зиндони ишқ дар банд аст. Гирифтам, аз ғами дил роҳи бӯстон гирам, Кадом сарв ба болои дӯст монанд
Ин туӣ ё сарви бустонӣ ба рафтор омадаст?
Ин туӣ ё сарви бустонӣ ба рафтор омадаст? Ё малак дар сурати мардум ба гуфтор омадаст? Он парӣ, к-аз халқ пинҳон буд чандин рӯзгор, Боз мебинам, ки дар олам пад
Иттифоқам ба сари кӯи касе афтодаст
Иттифоқам ба сари кӯи касе афтодаст, Ки дар он кӯй чу ман кушта басе афтодаст. Хабари мо бирасонед ба мурғони чаман, Ки ҳамовози шумо дар қафасе афтодаст.
Ҳар субҳдам насими гул аз бӯстони туст
Ҳар субҳдам насими гул аз бӯстони туст, Алҳони будбул аз нафаси дӯстони туст. Чун Хизр дид он лаби ҷонбахши дилфиреб, Гуфто, ки оби чашмаи ҳайвон даҳони туст.
Эй к-оби зиндагонии ман дар даҳони туст
Эй к-оби зиндагонии ман дар даҳони туст, Тири ҳалоки зоҳири ман дар камони туст. Гар бурқаъе фурӯ бигузорӣ бад-ин ҷамол, Дар шаҳр ҳар кӣ кушта шавад, дар замони
Маҷнуни ишқро дигар имрӯз ҳолат аст
Маҷнуни ишқро дигар имрӯз ҳолат аст, К-ислом дини Лайлию дигар залолат аст. Фарҳодро аз он чӣ, ки Ширин туруш кунад? Инро шикеб нест, гар онро малолат аст.