Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Фарёди ман аз фироқи ёр аст

Фарёди ман аз фироқи ёр аст, В-афғони ман аз ғами нигор аст. Бе рӯи чу моҳи он нигорин Рухсораи ман ба хун нигор аст. Хуни ҷигарам зи фурқати ту Аз дида равона дар канор аст. Дарди дили ман зи ҳад гузаштаст, Ҷонам зи фироқ беқарор аст. Касро зи ғами ман огаҳӣ нест, Овах, ки ҷаҳон на пойдор аст. Аз дасти замона дар азобам, З-он ҷону дилам ҳаме фигор аст. Саъдӣ, чӣ кунӣ шикоят аз дӯст, Чун шодию ғам на барқарор аст?