Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Шароб аз дасти хубон Салсабил аст

Шароб аз дасти хубон Салсабил аст, В-агар худ хуни майхорон, сабил аст. Намедонам, рутабро чошнӣ чист, Ҳамебинам, ки хурмо бар нахил аст. На вусма-ст он, ба дилбандӣ хазиб аст, На сурма-ст он, ба ҷодуӣ каҳил аст. Сарангуштони соҳибдилфиребаш На дар ҳинно, ки дар хуни қатил аст. Ало, эй корвон, маҳмил биронед, Ки моро банд бар пои раҳил аст. Ҳар он шаб дар фироқи рӯи Лайлӣ, Ки бар Манун равад, лайле тавил аст. Камандаш медавонад пои муштоқ, Биёбонро напурсад, чанд мил аст. Чу мӯр афтону хезон рафт бояд, В-агар худ раҳ ба зери пои пил аст. Ҳабиб он ҷо ки дасте барфишонад, Муҳибб ар сар наяфшонад, бахил аст. Зи мо гар тоъат ояд, шармсорем, В-аз эшон гар қабеҳ ояд, ҷамил аст. Бадили дӯстон гиранду ёрон, Валекин шоҳиди мо бебадил аст. Сухан берун магӯй аз ишқ, Саъдӣ, Сухан ишқ асту дигар қолу қил аст.