Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон

Шеърҳо бо теги: ғазал

Шеърҳои марбут ба теги «ғазал» дар сомонаи «Шоирон».

Шоирон

Сипеҳри ҳуснро донам, ки моҳӣ,

👁 3

Сипеҳри ҳуснро донам, ки моҳӣ, Надонам ҳадди моҳият камоҳӣ. Ту чун моҳию гардад акси рӯят Бигардад чашмаи чашмам чу моҳӣ.

Н
Носири Бухороӣ

Эй ҳусни ту оинаи анвори илоҳӣ,

👁 3

Эй ҳусни ту оинаи анвори илоҳӣ, Авсофи ҷамоли ту надонанд камоҳӣ. Хубони ҷаҳон ҷумла чароғанду ту нурӣ, Ғилмони ҷинон ҷумла ғуломанду ту шоҳӣ.

Н
Носири Бухороӣ

Рӯзе, ки барад бодам чун хок ба ҳар сӯе,

👁 2

Рӯзе, ки барад бодам чун хок ба ҳар сӯе, Ҳар зарраи хокамро бошад зи вафо бӯе. Дидан ба ту натвонам, зеро ки намеафтад Ин чашми сияҳрӯям дархурди чунон рӯе.

Н
Носири Бухороӣ

Ёри азизу Юсуфи Канъони мо туӣ,

👁 2

Ёри азизу Юсуфи Канъони мо туӣ, Дар Мисри дил азизтар аз ҷони мо туӣ. Яъқубвор дида зи ғайри ту бастаам, Чашму чароғи кулбаи аҳзони мо туӣ.

Н
Носири Бухороӣ

Турки лашкаршикани ишвагари арбадаҷӯй,

👁 3

Турки лашкаршикани ишвагари арбадаҷӯй, Бути кофарбачаи нӯшлаби силсиламӯй Дӯш сармаст ба сарвақти ҳарифон мерафт, Бо маю мутрибу чангу дафу ҷомею сабӯй.

Н
Носири Бухороӣ

Пайки сабо, агарчи ранҷуру нотавонӣ,

👁 2

Пайки сабо, агарчи ранҷуру нотавонӣ, Пайғоми мо бигӯӣ он ҷо, агар тавонӣ. Як рони бодпоро аз пӯя дар так овар, Рӯзе магар бар он дар рамзе ду боз ронӣ.

Н
Носири Бухороӣ

Ҳарчанд мешикофӣ ту мӯй дар маонӣ,

👁 1

Ҳарчанд мешикофӣ ту мӯй дар маонӣ, Аз маънии миёнаш, эй ақл, бар каронӣ. Чун баҳри ишқи ҷонон мавҷи гуҳар барорад, Ҷон дар миёна ояд, ту бар карона монӣ.

Н
Носири Бухороӣ

Аз рӯзи нотавонӣ андеш, то тавонӣ,

👁 2

Аз рӯзи нотавонӣ андеш, то тавонӣ, Май нӯш бо ҷавонон дар мавсими ҷавонӣ. Бо пири дайр гуфтам, к-аз дайр чист ҳосил? Гуфто, ки бо ду ҳамдам як дам ба шодмонӣ.

Н
Носири Бухороӣ

Эй ёди ту ғоиб зи забону дили мо не,

👁 1

Эй ёди ту ғоиб зи забону дили мо не, Ҳаргиз ту кунӣ ёди мани сӯхта ё не? Мондем чу булбул ба хазон, эй гули садбарг, Дур аз рухи ту барг надорему наво не.

Н
Носири Бухороӣ

Ту сарвӣ, эй санам, ё бӯстонӣ,

👁 1

Ту сарвӣ, эй санам, ё бӯстонӣ, Ту ҷонӣ, эй парӣ, ё ҷони ҷонӣ?! Лаби лаълат ниҳуфта ақли кулро Ҳамегӯяд ҷавоби «лантаронӣ».

Н
Носири Бухороӣ

Аз гулшани рӯяш чу ман якбор гул барчидаме,

👁 0

Аз гулшани рӯяш чу ман якбор гул барчидаме, Аз ҷумла гулҳои чаман доман ба куллӣ чидаме. Лутфаш агар як раҳ маро аз хоки раҳ бардоштӣ, Чун гард гирди кӯйи ӯ дои

Н
Носири Бухороӣ

Эй ёфта нубувват аз зоти ту камоле,

👁 1

Эй ёфта нубувват аз зоти ту камоле, Рафта ба аршу карда бо дӯст иттисоле. Бигрифта мулку миллат, дар фақр фахр карда, Чун дигарон набуда моил ба ҷоҳу моле.

Н
Носири Бухороӣ

Ринду қаландар шудам аз сари девонагӣ,

👁 2

Ринду қаландар шудам аз сари девонагӣ, Камтарам аз хоки дар бар дари девонагӣ. Ҷомаи соҳибдилон ҷумла бипӯшид дил, Ҳеч либосе наёфт дарх(в)ари девонагӣ.

Н
Носири Бухороӣ

Бирабуд дил зи дастам санаме зарифу шанге,

👁 1

Бирабуд дил зи дастам санаме зарифу шанге, Гул аз ӯ рабуда бӯе, маҳ аз ӯ гирифта ранге. Чу ба номи ишқ фошам, зи ҳунар чӣ нанг дорам, Нахӯрам ба шодмонӣ ғами ҳе

Н
Носири Бухороӣ

Соқӣ, биёр ҷоме з-он бодаи ҳақиқӣ,

👁 0

Соқӣ, биёр ҷоме з-он бодаи ҳақиқӣ, Чун офтоби рахшон аз софию рақиқӣ. Ин оҳу гиряамро мардум маҷоз донанд, Дерест мо ҷудоем з-он дилбари ҳақиқӣ.

Н
Носири Бухороӣ

Омад нафаси баҳор, соқӣ,

👁 0

Омад нафаси баҳор, соқӣ, Иксири тараб биёр, соқӣ, Бар ёди лаби ҳаётбахшаш Дардеҳ майи хушквор, соқӣ.

Н
Носири Бухороӣ

Навбаҳор асту гулу аҳди шабоб, эй соқӣ,

👁 0

Навбаҳор асту гулу аҳди шабоб, эй соқӣ, Хуш бувад ҷоми маю савти рубоб, эй соқӣ. Дар дили ғунча нигар рӯйи нигор, эй ориф, Дар сари лола нигар ҷоми шароб, эй со

Н
Носири Бухороӣ

Маро ҳар дам физояд дарду доғе,

👁 0

Маро ҳар дам физояд дарду доғе, Ки бӯе ёбад аз ту ҳар димоғе. Чӣ хол аст он туро болои абрӯ, Камонро чун гузар набвад ба зоғе.

Н
Носири Бухороӣ

Эй ёр, зи ёрон хабари ёр напурсӣ,

👁 1

Эй ёр, зи ёрон хабари ёр напурсӣ, Ёрӣ набувад он, ки зи ағёр напурсӣ. Эй савсани озода, шунав ҳоли дили гул, Шарти адаб он нест, ки аз хор напурсӣ.

Н
Носири Бухороӣ

Ниёзе мекунам бо бениёзе,

👁 1

Ниёзе мекунам бо бениёзе, Ки аз ман ҷони ширин в-аз ту нозе. Чу нолам чун рубоб аз гӯшмолат, Манам банда, туӣ банданавозе.

Н
Носири Бухороӣ

Шароби куҳна дар дайр аст пире,

👁 1

Шароби куҳна дар дайр аст пире, Аҷаб софидиле, равшанзамире. Ба ҳар дам бедилонро ҳамнишине, Ба ҳар кор ошиқонро дастгире,

Н
Носири Бухороӣ

Дӯшина мегуфт нолон асире,

👁 2

Дӯшина мегуфт нолон асире, Касро наёяд раҳм аз фақире. Ҳар кас ба ёре дар ҳар диёре, Моем танҳо, оҳу нафире.

Н
Носири Бухороӣ

Эй бар рухи чун рӯзат шоми хати зангорӣ,

👁 0

Эй бар рухи чун рӯзат шоми хати зангорӣ, Бе зулфу рухат дорам рӯзе чу шаби торӣ. Дар боргаҳи васлат борам надиҳӣ боре, Гар кор кунад ҳиммат в-ар ёр диҳад ёрӣ.

Н
Носири Бухороӣ

Хуни дил ҳаст, агар азми шаробе дорӣ,

👁 0

Хуни дил ҳаст, агар азми шаробе дорӣ, Ҷигаре дорам агар майли кабобе дорӣ. Хонаи дидаи ғамдида тамошогоҳест, Ҳеч дар сар ҳаваси гӯшаи обе дорӣ?

Н
Носири Бухороӣ

Сахт сустӣ ту дар вафодорӣ,

👁 0

Сахт сустӣ ту дар вафодорӣ, Нек бад мекунӣ ҷафокорӣ. Ман ғаматро нигоҳ медорам, Ту диламро нигаҳ намедорӣ.

Н
Носири Бухороӣ
Саҳифаи 1 аз 16