Шеърҳо бо теги: ғазал
Шеърҳои марбут ба теги «ғазал» дар сомонаи «Шоирон».
Ба меҳри модари гетӣ макаш ранҷи умед ин ҷо
Ба меҳри модари гетӣ макаш ранҷи умед ин ҷо, Ки хунҳо мехурад, то шир мегардад сафед ин ҷо. Муқими норасоӣ бош пеш аз хок гардидан, Ки саъйи ҳар ду олам чун ара
Баҳр мепечад ба мавҷ аз ашки ғампарварди мо
Баҳр мепечад ба мавҷ аз ашки ғампарварди мо, Чарх мегардад дуто дар фикри бори дарди мо. Гар ба майдони риёзат каҳрабо даъвӣ кунад, Коҳ гирад дар даҳан аз шарми
Бар санг зад замона зи бас сози ошно
Бар санг зад замона зи бас сози ошно, Дар сурма гард мекунад овози ошно. Имрӯз нест қобили тафриқу имтиёз Анҷоми кори душману оғози ошно.
Ба аҷзе, ки дорӣ, қавӣ кун миёнро
Ба аҷзе, ки дорӣ, қавӣ кун миёнро, Ба ҳикмат нагардондаанд осмонро. Равон бош ҳамдӯши беихтиёрӣ, Балад гир рафтори реги равонро.
Бо ҳама афсурдагӣ муфти тамошоем мо
Бо ҳама афсурдагӣ муфти тамошоем мо, Мавҷҳо дорад парӣ, чандон ки миноем мо. Рангҳо гул кардаем, аммо дар оғӯши адам, Байзаи товус зери боли анқоем мо.
Бо саҳар рабте надорад шоми мо
Бо саҳар рабте надорад шоми мо, Фориғ аст аз соф дурди ҷоми мо. Дил ба тавфи хоки кӯе бастаем, Тукма дорад ҷомаи эҳроми мо.
Эй хаёли қоматат оҳи заифонро асо
Эй хаёли қоматат оҳи заифонро асо, Бар рухат наззораҳоро лағзиш аз ҷӯши сафо. Нашъаи сад хум шароб аз чашми мастат ғамзае, Хунбаҳои сад чаман аз ҷилваҳоят як ад
Эй баҳористони иқбол, эй чамансимо, биё
Эй баҳористони иқбол, эй чамансимо, биё, Фасли сайри дил гузашт, акнун ба чашми мо биё. Мекашад хамёзаи субҳ интизори офтоб, Дар хуморободи махмурон қадаҳпаймо
Эй рустаи гулзорат з-он наргиси ҷодуҳо
Эй рустаи гулзорат з-он наргиси ҷодуҳо Соди қалами тақдир бо мисраи абрӯҳо. Натвон ба дили ушшоқ афсуни раҳоӣ хонд, З-ин силсила озоданд занҷирии гесӯҳо.
Эй мурдаи такаллуф, аз кайфу кам бурун о,
Эй мурдаи такаллуф, аз кайфу кам бурун о, Гоҳе ба рағми дониш, девона ҳам бурун о. То аз гулат ҷуз исор ранге дигар нахандад, Сар то қадам, чу хуршед, дасти кар
Асар дур аст аз ин ёрон ҳуқуқи ошноиро
Асар дур аст аз ин ёрон ҳуқуқи ошноиро, Сару гардан магар зоҳир кунад дарди ҷудоиро. Зи бедардӣ ҷаҳоне ғофил аст аз офият ин ҷо, Чӣ донад устухоннашкаста қадри
Аз ном агар нагзарӣ, аз нанг бурун о
Аз ном агар нагзарӣ, аз нанг бурун о, Эй накҳати гул, андаке аз ранг бурун о. Олам ҳама аз боли парӣ оина дорад, Гӯ, шиша намудор шаву санг бурун о.
Оинаи чандин табу тоб аст дили мо
Оинаи чандин табу тоб аст дили мо, Чун доғи ҷунун шуъланиқоб аст дили мо. Умрест, ки чун оина дар базми хаёлат Ҳасратнигаҳи як мижа хоб аст дили мо.
Ба авҷи кибриё, к-аз паҳлуйи аҷз аст роҳ он ҷо
Ба авҷи кибриё, к-аз паҳлуйи аҷз аст роҳ он ҷо, Сари мӯе гар ин ҷо хам шавӣ, бишкан кулоҳ он ҷо. Адабгоҳи муҳаббат нози шӯхӣ барнамедорад, Чу шабнам сар ба муҳр
Дил агар маҳви муддао гардад
Дил агар маҳви муддао гардад, Дард дар коми мо даво гардад, Туъмаи дард агар расад дар ком, Ҳар магас ҳамсари ҳумо гардад,
Вой, пайванди сухансанҷон намонд
Вой, пайванди сухансанҷон намонд, Такягоҳи соҳиби ирфон намонд. Рафт аз офоқ лутфи адлу дод, Баркати дин, қудваи инсон намонд,
Имшаб зи сози мино гарм аст ҷои мутриб
Имшаб зи сози мино гарм аст ҷои мутриб, Кӯк аст қулқули май бо нағмаҳои мутриб. Дарюза чашм дорем аз косаҳои танбӯр, Дар ҳаққи мо баланд аст дасти дуои мутриб.
Чист одам?
Чист одам? Муфради килки дабиристони Раб, К-ин ҳама авзои асморост таркибаш сабаб. Зодаи илми маволидаш ҷаҳони моу тин, «Лаямлид ламюлад»-аш оинаи асли насаб.
Як шабе Маҷнун намозашро шикаст
Як шабе Маҷнун намозашро шикаст, Бевузӯ дар кӯчаи Лайло нишаст. Ишқи он шаб масти масташ карда буд, Фориғ аз ҷоми аласташ карда буд.
Афсонаи фано
Ҷуз пеши мо махонед афсонаи фаноро, Ҳар кас намешиносад овози ошноро. Аз тоқу қасри дунё к-аз хоку хишт чинед, Ҳайф аст паст гиред миъроҷи пушти поро.