Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Афсонаи фано

Ҷуз пеши мо махонед афсонаи фаноро, Ҳар кас намешиносад овози ошноро. Аз тоқу қасри дунё к-аз хоку хишт чинед, Ҳайф аст паст гиред миъроҷи пушти поро. Чашми тамаъ мадӯзед бар кисаи хасисон, Бовар наметавон дошт саг нон диҳад гадоро. Рӯзии ду з-ин бизоъат, мурдан кафили ҳастист Барги маоши мо кард тақдир хунбаҳоро Дар чашм кас намондаст гунҷоиши мурувват, З-ин хонаҳо чӣ миқдор тангӣ гирифт ҷоро. Аз дастбурди ҳоҷат нам дар ҷабин надорем, Охир ҳуҷуми матлаб шуст аз арақ ҳаёро. Ҷуз нашъаи таҷарруд шоиста ҷунун нест, Сарфи баҳори мо кун ранги зи гул ҷудоро. То зиндаем, бояд дар фикри хеш мурдан, Гардуни бемурувват бар мо гумошт моро. Оҳам зи норасоӣ шуд ашку бо арақ сохт, Пастист гар хиҷолат шабнам кунад ҳаворо. Бекорӣ охири кор дасти маро ба хун баст, Рангин наметавон кард з-ин бештар ҳиноро. Даст дар остинам, бедоман ғано нест, Субҳ аст бо иҷобат номаҳрами дуоро. Аз ҳар кӣ хоҳӣ имдод, аввал талофиаш кун, Дасти агар надорӣ заҳмат маде асоро. Хоки замини одоб гар бе сипар тавон кард, Эй тухми одамият, бар сар гузор поро.