Шеърҳо бо теги: ғазал
Шеърҳои марбут ба теги «ғазал» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Туӣ, ки коми ман, эй шӯхи хушкафал, надиҳӣ,
Туӣ, ки коми ман, эй шӯхи хушкафал, надиҳӣ, Муроди хотири ушшоқи камбағал надиҳӣ. Зи рӯи лутф ба дашноми талх шодам кун, Агарчи бӯса зи лабҳои чун асал надиҳӣ.
Он на зулф аст, ки бар чеҳра барандохтаӣ,
Он на зулф аст, ки бар чеҳра барандохтаӣ, Халқро рӯзи сиёҳе ба сар андохтаӣ. Ман туро мардумаки дидаи худ медонам, Ту маро ҳамчу сиришк аз назар андохтаӣ.
Наям ман ҷуз ҳамин оворгарди кӯҳу ҳомуне,
Наям ман ҷуз ҳамин оворгарди кӯҳу ҳомуне, Зи худ бегона, яъне Лайлиеро гашта Маҷнуне. Дили ман бӯсаи дашномомези ту мехоҳад, Ба тахмири гулу қандам макун таклиф
Эй, ки аз қадди расо ғайрати сарву чаманӣ,
Эй, ки аз қадди расо ғайрати сарву чаманӣ, Сарвӣ, эй моҳ, ба қад, лек ба ораз суманӣ. Лабу дандони ту, эй сарвқади симандом, Беҳтар аз лаъли Бадахшониву дурри А
Дилам рабудиву дар қасди бурдани ҷонӣ,
Дилам рабудиву дар қасди бурдани ҷонӣ, Агар ғалат накунам, сахт номусулмонӣ. Ман аз ҷафои ту чун рахт баркашам зи ҷаҳон, Туро чӣ суд пас аз марги ман пушаймонӣ?
Эй ғарра ба афсонаи айёми ҷавонӣ,
Эй ғарра ба афсонаи айёми ҷавонӣ, Халқе зи ғамат пир шуд, ин турфа надонӣ. Маълуми ту ҳолам нашуд аз номаву пайғом, Боз о, ки кунам шарҳи ғами хеш забонӣ.
Эй рашки парӣ, ғайрати хубони ҷаҳонӣ,
Эй рашки парӣ, ғайрати хубони ҷаҳонӣ, Хубон ҳама ҷисманд, дар он ҷисм ту ҷонӣ. Исо наӣ, аммо агар аз ишқи ту мирам, Хоҳӣ, ки ба як ишва кунӣ зинда, тавонӣ.
Нозанин дилбарако, чанд ба ман ноз кунӣ,
Нозанин дилбарако, чанд ба ман ноз кунӣ, Банди тунбон ба канори дигарон боз кунӣ?! Ман, ки тухм аз таҳи лаклак ба шатал бистонам, Ту чунон шуъбадабозӣ, ки маро
Эй беҳтар аз фариштаву бартар зи одамӣ,
Эй беҳтар аз фариштаву бартар зи одамӣ, Ақли мусаввариву равони муҷассамӣ. Мо мубталои ранҷу ту бар ранҷ роҳатӣ, Мо дардманди ишқу ту бар дард марҳамӣ.
Биё, то бо ҳам омезем ранги бодаву ҷоме,
Биё, то бо ҳам омезем ранги бодаву ҷоме, Диҳем оғози касратро зи кори ваҳдат анҷоме. Чӣ сон дур аз ту, ҷоно, чашми тамкин доштан аз ман, Ки бе васли гуҳар ҳарги
Эй дар чамани ҳусни қадат тоза ниҳоле,
Эй дар чамани ҳусни қадат тоза ниҳоле, В-аз ойинаи рӯи ту хуршед мисоле. Дидам ба хами зулфи туву чашми ту, гуфтам: «Дар сояи шамшод ғунудаст ғизоле».
Эй он, ки туро нест назиреву мисоле,
Эй он, ки туро нест назиреву мисоле, Аллоҳ, мабинод камоли ту заволе. Ҳар дам ба висолем, сухан аз сари шавқ аст, Мо аз ту ба фикреву ту аз мо ба хаёле.
Ҷонҳо фидои ҷони ту, эй ҷони зиндагӣ,
Ҷонҳо фидои ҷони ту, эй ҷони зиндагӣ, Боз о, ки нест бе туам имкони зиндагӣ. Бошад хати ту сабзаи сарчашмаи ҳаёт, Бошад лаби ту лаъли Бадахшони зиндагӣ.
Ба чоки сина кун ҳоли дили ошуфта тақрире,
Ба чоки сина кун ҳоли дили ошуфта тақрире, Ки хоби зулфро аз шона меҷӯянд таъбире. Бинозам ҳуснро, к-аз хатти мушкин кард он ораз, Ниҳод аз соя чун бар гардани
Эй рабуда дилам ба айёрӣ,
Эй рабуда дилам ба айёрӣ, Дилбарӣ, лек турфа таррорӣ! Эй ҳазорон ҳазор ҷони азиз Аз ғамат уфтода дар хорӣ.
Аз сари хеш чаро зулф ба по афкандӣ,
Аз сари хеш чаро зулф ба по афкандӣ, Боз рӯзи сияҳе бар сари мо афкандӣ? Мӯниси дарду ғам, эй ҷон, дилаке буд маро, Даррабудӣ зи бари ман, ба куҷо афкандӣ.
Ба тарки эътибор он беҳ, ки озоде қарин афтӣ,
Ба тарки эътибор он беҳ, ки озоде қарин афтӣ, На к-аз шуҳрат ба ранги ном дар банди нигин афтӣ. Ту нодониста ҷо биншастӣ, эй чини ғазаб, в-арна, Табассум будаӣ,
Имшаб чӣ шаб аст ин, ки дар оғӯши ман астӣ!
Имшаб чӣ шаб аст ин, ки дар оғӯши ман астӣ! Дар сина чу дил, балки чу ҷон дар бадан астӣ. Шабнамсифат аз рӯи ту фирдавс ниҳон аст, Эй тозагул, охир зи кадомин ч
Эй, ки набвад чун дили сахтат ба сахтӣ хорае,
Эй, ки набвад чун дили сахтат ба сахтӣ хорае, То кай ин сангиндилӣ дар бораи бечорае? Дил ҳазорон пора хоҳам кард аз теғи ғамат, То диҳам пайванд бар ҳар тора м
Чу рабудаӣ дили ман ба тариқи ошноӣ,
Чу рабудаӣ дили ман ба тариқи ошноӣ, Зи ту ҳошалиллаҳ акнун, ману тоқати ҷудоӣ. Ҳама нозиву такаббур, ҳама ҷавриву тазаллум, Дили оламе, надонам, ба чӣ шева мер
Эй зулфи сунбулат зада бар арғувон гиреҳ,
Эй зулфи сунбулат зада бар арғувон гиреҳ, Афканда сад гиреҳ ба раги ҷон аз он гиреҳ. Шуд фикратам ба дил зи дами сарди носеҳон, Чун решаҳои нахл зи боди хазон г
Эй ба боло чун санавбар в-эй ба ораз ҳамчу моҳ,
Эй ба боло чун санавбар в-эй ба ораз ҳамчу моҳ, В-эй ба болои санавбар дода маҳро ҷойгоҳ. Ҷуз ба болои ту, рухсори ту, эй афсуни халқ, Ҳеҷ кас дида-ст дар рӯи с
Муҳаббати ту ба ҷонам чунон асар карда,
Муҳаббати ту ба ҷонам чунон асар карда, Ки аз раҳи мижа хуни дилам бадар карда. Сабурӣ аз ту муяссар намешавад, ки ғамат Зиёда буд, фироқат зиёдатар карда.
Хатти ту гарди ғолия гирди қамар зада,
Хатти ту гарди ғолия гирди қамар зада, Аз мушки суда муҳр ба дурҷи гуҳар зада. Ташбеҳ ҷуз ба ҷавҳари ҷон нораво бувад, Лаъли туро, ки ханда ба ёқути тар зада.
Қулай кардам, ки нофаҳмонда бӯсам аз даҳони ӯ,
Қулай кардам, ки нофаҳмонда бӯсам аз даҳони ӯ, Рамиду дод нафрин ҳар чи омад бар забони ӯ. Лабаш дар ханда мерезад шакар аз ҳуққаи гавҳар, Маро, эй ҷон, нисори