Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Муҳаббати ту ба ҷонам чунон асар карда,

Муҳаббати ту ба ҷонам чунон асар карда, Ки аз раҳи мижа хуни дилам бадар карда. Сабурӣ аз ту муяссар намешавад, ки ғамат Зиёда буд, фироқат зиёдатар карда. Тавофи кӯи ту ҳар кас, ки азм кард, кафан, Ба ҷои ҷомаи эҳром худ ба бар карда. Фиғони ман ба фалак рафт, бо ту дарнагирифт, Магар, ки гӯши туро панди ғайр кар карда? Ишораи хами меҳроби тоқи абрӯят Зи кунҷи савмаа тақвимро бадар карда. Ҷафо хуш аст зи хубон, вале ба ошиқи худ, Ба ман чунон, ки ту кардӣ, кӣ ин қадар карда? Ибо зи тарки сарам нест дар раҳи ту, ки ман Нахуст рӯз ба ишқи ту тарки сар карда. Нишони исми шарифи ту ёфт чун Шоҳин, Касе, ки бар сари ҳар байти ман назар карда.