Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Эй ба боло чун санавбар в-эй ба ораз ҳамчу моҳ,

Эй ба боло чун санавбар в-эй ба ораз ҳамчу моҳ, В-эй ба болои санавбар дода маҳро ҷойгоҳ. Ҷуз ба болои ту, рухсори ту, эй афсуни халқ, Ҳеҷ кас дида-ст дар рӯи санавбар қурси моҳ?! Донаи холи туро нозам, ки аз ҳиҷрони он Чеҳраи гулнори ман паҳлӯ занад бар ранги моҳ. Хуш бихӯр хуни маро, к-Эзид ба чун ту дилбаре Аз барои хуни ман ҳошо, ки бинвисад гуноҳ. Гар сари мӯ кам кунам меҳр аз маҳи рухсори ту, Бод ҳамчун зулфи шабгуни ту рӯи ман сиёҳ. Дил маро раҳ бо занахдони ту зад, худ шуд асир, Рост гӯянд, он чӣ бошад чоҳкан дар зери чоҳ. Аз чӣ рӯ сабз аст, медонӣ, хати пушти лабат? Мехӯрад азбаски об аз чоҳи ҳайвон ин қабоҳ. То бибӯсам ҳамчу хоки раҳ зи сумми тавсанат, Мекунам, ҳар ҷо, ки оӣ, хештанро фарши роҳ. Оламе аз бӯсаву оғӯш мамнунанд, лек Қонеъ аст аз давлати васли ту Шоҳин бо нигоҳ.