Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Эй зулфи сунбулат зада бар арғувон гиреҳ,

Эй зулфи сунбулат зада бар арғувон гиреҳ, Афканда сад гиреҳ ба раги ҷон аз он гиреҳ. Шуд фикратам ба дил зи дами сарди носеҳон, Чун решаҳои нахл зи боди хазон гиреҳ. Пайвастаем гар чу тану ҷони ман, рақиб Чун риштаи гусаста бувад дар миён гиреҳ. Мӯе зиёда нест миёни ту, дилбаро, Кардӣ бар он миёни камар аз чӣ сон гиреҳ. Афтад гиреҳ ба ҷони ман аз рашк, агар сабо Бикшоядат зи турраи анбарфишон гиреҳ. Теғест ҷавҳарӣ ба кафи турки бодамаст, Ё додааст чашми ту бар абрувон гиреҳ. Чашмам сиришк бар мижа монанди соҳирон Бандад чунон, ки туф зада бар ресмон гиреҳ. Аз турраи ту риштаи фикри маро фитод, Чун он ки бар каловаи бевазанон гиреҳ. Шоҳин зи тирабахтӣ агар шиква сар кунад, Афтад чу тори зулфи туаш бар забон гиреҳ.