Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Чу рабудаӣ дили ман ба тариқи ошноӣ,

Чу рабудаӣ дили ман ба тариқи ошноӣ, Зи ту ҳошалиллаҳ акнун, ману тоқати ҷудоӣ. Ҳама нозиву такаббур, ҳама ҷавриву тазаллум, Дили оламе, надонам, ба чӣ шева мерабоӣ? Надиҳам зи даст домони ту, то бувад маро ҷон, Ки агар равӣ, дигар бор чу умр барнаёӣ. Бикушой турра яъне, бинамой чеҳра яъне, Ки расам ман аз шаби тира ба рӯзи рӯшноӣ. Аҷабам, ки бо ту дорад сари ихтилот зоҳид, Магар аз ту ком гирад ба фусуни порсоӣ? Пайи чораи муҳаббат чӣ раҳи илоҷ пӯям, Ки муқаррарам шуд акнун, ки ту дарди бедавоӣ. Макун орзуи дигар, чу ҳавои ӯст бар сар, Ба санам чӣ кор дорӣ, ту ки бандаи Худоӣ. Ману иштиёқи дидор, рақиб(у) хаёли дигар, Зи ту ҳар диле хаёле, зи ту ҳар саре ҳавое. Караме, ки банда Шоҳин бари гул ба сони булбул, Чӣ хуш аст агар ту бошӣ, кунад ӯ ғасалсароӣ.