Эй, ки набвад чун дили сахтат ба сахтӣ хорае,
Эй, ки набвад чун дили сахтат ба сахтӣ хорае,
То кай ин сангиндилӣ дар бораи бечорае?
Дил ҳазорон пора хоҳам кард аз теғи ғамат,
То диҳам пайванд бар ҳар тора мӯят порае.
Баски доғат бар дилам чун собит, эй маҳ, нақш баст,
Мечакад ҳар ашки ман аз дида чун сайёрае.
Аз заифӣ дар такопӯи ту, эй мижгонбаланд,
Аз асо холӣ намебинам кафи назорае.
Бегумон дил аз бари ушшоқи мискин мебарад,
Нест ҳамчун турраат дар дилбарӣ таррорае.
Дид чун дил дар даҳон омад маро аз ғусса, гуфт:
– Шуъла дар минқор дорад мурғи оташхорае.
Ку диле, к-оворагарди кӯчаи зулфи ту нест,
Эй муқими ҳар хами зулфат дили оворае.
Модари гетӣ зи бас хушк аст пистонаш зи шир,
Мемакад ангушти ҳасрат тифли ҳар гаҳворае.
Бар ҳалоки ҷони ӯ ҳаргиз нахоҳам ҳукм кард,
То хадангат аз дили Шоҳин нагирад порае.