Имшаб чӣ шаб аст ин, ки дар оғӯши ман астӣ!
Имшаб чӣ шаб аст ин, ки дар оғӯши ман астӣ!
Дар сина чу дил, балки чу ҷон дар бадан астӣ.
Шабнамсифат аз рӯи ту фирдавс ниҳон аст,
Эй тозагул, охир зи кадомин чаман астӣ?
Умр он ҳама норафта, ки реше бадар орам,
Кан решаи ҷони ман, агар решакан астӣ.
Ту шамъиву парвонасифат гирди ту гардам,
Чандон, ки ба ҷону дили ман шуълазан астӣ.
Ин Кавсари нақд аст, мапиндор даҳонаш,
В-ин чашмаи Замзам, на ки чоҳи зақан астӣ.
Беҳуда қадам во магузор аз дили Шоҳин,
Азми сафарат чист, ки хуш дар ватан астӣ?