Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Ба тарки эътибор он беҳ, ки озоде қарин афтӣ,

Ба тарки эътибор он беҳ, ки озоде қарин афтӣ, На к-аз шуҳрат ба ранги ном дар банди нигин афтӣ. Ту нодониста ҷо биншастӣ, эй чини ғазаб, в-арна, Табассум будаӣ, ҳар гаҳ, ки бар лаб аз ҷабин афтӣ. Туро, эй мулки ҷону дил, мусаххар то чӣ бархезад, Ба иззи салтанат дар базми мо маснаднишин афтӣ. Чу зад паҳлӯ ба бистар, ман зи пешу пас гумон кардам, Ба тарзи маслиҳат гуфтам: – Чунон. Гуфто: – Чунин афтӣ. Ба тавсифи миёни ӯ қадам поён манеҳ, Шоҳин, Мабодо аз кафал лағживу бар чоҳи сурин афтӣ.