Аз сари хеш чаро зулф ба по афкандӣ,
Аз сари хеш чаро зулф ба по афкандӣ,
Боз рӯзи сияҳе бар сари мо афкандӣ?
Мӯниси дарду ғам, эй ҷон, дилаке буд маро,
Даррабудӣ зи бари ман, ба куҷо афкандӣ.
Дӯш дар турраи ӯ даст задам, гуфт ба ноз:
Хештанро зи чӣ дар доми бало афкандӣ?
Теғ бастиву задам фол пайи марги рақиб,
Чун бидидам ба ҳамон теғ маро афкандӣ.
Кардӣ аз бӯса тамаъгинаму ранҷидӣ, лек
Оҳ аз ин ҳилаам, аз хеш ҷудо афкандӣ.
Новаки ишва ба абрӯи камондори ту буд,
Рост гӯ, эй бути бераҳм, киро афкандӣ?
Эй шаҳи кишвари хубӣ, набувад мӯҷиби ор,
Аз карам гар назаре сӯи гадо афкандӣ.
Пешпо додиву омад сари ман аз қадамат,
Эй фидои ту сарам, сахт ба ҷо афкандӣ.
Он сурину кафали туст ва ё кӯҳеро
Ба яке мӯй бубастӣ, ба қафо афкандӣ.
Тан намедод ба ишқи ту дили саркаши ман,
Оқибат дар раҳи таслиму ризо афкандӣ.
Рост бар синаи бекинаи Шоҳин омад,
Ба масал тири ҷафое, ки хато афкандӣ.