Эй рабуда дилам ба айёрӣ,
Эй рабуда дилам ба айёрӣ,
Дилбарӣ, лек турфа таррорӣ!
Эй ҳазорон ҳазор ҷони азиз
Аз ғамат уфтода дар хорӣ.
Гарчи хуби-т аз ҳад афзун аст,
Аллоҳ-аллоҳ, макун ҷафокорӣ,
Гар ту з-ин ҳусни бениҳояти хеш
Ба шиори вафо сазоворӣ.
Эй лабат рашки лаъли руммонӣ,
В-эй хатат насхи мушки тоторӣ.
Ҳар насиме, ки чун дили ушшоқ
Дар хами турраи ту шуд сорӣ,
Дур набвад ба чорсӯи Хитой,
Ки кушояд дукони атторӣ.
Гар дилам шуд зи устувории фикр
Меҳвари осмони ҳушёрӣ,
Туаш аммо зи кӯдакии мизоҷ,
Гӯйи чавгонлаъб пиндорӣ,
Ба ту лозим, ки ҳамчу зулфи худаш,
Ба ду дасти адаб нигаҳ дорӣ.
Юсуфи Мисри фазл шуд, Шоҳин,
Ту Азизӣ, намо харидорӣ!