Ба чоки сина кун ҳоли дили ошуфта тақрире,
Ба чоки сина кун ҳоли дили ошуфта тақрире,
Ки хоби зулфро аз шона меҷӯянд таъбире.
Бинозам ҳуснро, к-аз хатти мушкин кард он ораз,
Ниҳод аз соя чун бар гардани хуршед занҷире.
Манеҳ пои талаб, то раҳ напӯяд бар дари масҷид,
Маҳил дасти иродат, то нагирад домани пире.
Ба арзи печу тоби турраат ҳамдарди занҷирам,
Надорад ҳарфи ман ҷуз дар дили девона таъсире.
Куҷо Беҳзод, Шоҳин, баркашад мӯи миёнашро,
Магар аз хатти мавҳуме намояд килк тасвире.