Ҷонҳо фидои ҷони ту, эй ҷони зиндагӣ,
Ҷонҳо фидои ҷони ту, эй ҷони зиндагӣ,
Боз о, ки нест бе туам имкони зиндагӣ.
Бошад хати ту сабзаи сарчашмаи ҳаёт,
Бошад лаби ту лаъли Бадахшони зиндагӣ.
Эй марг, чун ба тафриқа сулҳам намекунӣ,
То чанд дасти мову гиребони зиндагӣ?
Паймонае бинӯш, ки даврон ғанимат аст,
Эй бехабар зи ҳастии паймони зиндагӣ.
Шоҳин, даруни хона ба ҷуз гӯри танг нест,
Охир чӣ мезанӣ дари сомони зиндагӣ?