Эй он, ки туро нест назиреву мисоле,
Эй он, ки туро нест назиреву мисоле,
Аллоҳ, мабинод камоли ту заволе.
Ҳар дам ба висолем, сухан аз сари шавқ аст,
Мо аз ту ба фикреву ту аз мо ба хаёле.
Як раҳ зи раҳи лутф қадам неҳ сӯи бемор,
К-ин дилшуда маҷрӯҳ зи ғам ҳол ба ҳоле.
Гар муддаийи васли ту имрӯзу пагоҳам,
Эй кош, муяссар шавадам дар маҳу соле.
Шоҳин, ба сари хома, ки машшота кунӣ, кун,
Рухсораи авроқ надорад хату холе.