Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Эй дар чамани ҳусни қадат тоза ниҳоле,

Эй дар чамани ҳусни қадат тоза ниҳоле, В-аз ойинаи рӯи ту хуршед мисоле. Дидам ба хами зулфи туву чашми ту, гуфтам: «Дар сояи шамшод ғунудаст ғизоле». Ҳоил шуда дар байни ҷабини рухат абрӯт, Чун дар васати Зуҳраву Хуршед ҳилоле. Моем ба дунболи ту ҳар кӯча давидан, Кӯшидани ботил ба таманнои муҳоле. Он кист, ки аз давлати васли ту тавонад, Будан чу мани ғамзада қонеъ ба хаёле. Гӯям ғами дил бо ту ба шарте, ки нагирад, Ойинаи табъи ту зи ман гарди малоле. Инам, ки ба шабҳои фироқи ту тани ман Аз мӯя чу мӯе шуда, аз нола чу ноле.