Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Биё, то бо ҳам омезем ранги бодаву ҷоме,

Биё, то бо ҳам омезем ранги бодаву ҷоме, Диҳем оғози касратро зи кори ваҳдат анҷоме. Чӣ сон дур аз ту, ҷоно, чашми тамкин доштан аз ман, Ки бе васли гуҳар ҳаргиз надорад баҳр ороме. Бинозам, к-он баҳори ҳусн ҳангоми хиромидан Чаманҳо нақш мебандад, агар вомениҳад гоме. Туро мебояд аз нақши нигин омӯхтан ибрат, Ки ғайр аз ҷонканӣ сомон надорад пешаи номе. Ба исён ноумед аз раҳмати Яздон машав, Шоҳин, Ки ин ҷо сад саҳар гул мекунад аз пардаи шоме.