Эй беҳтар аз фариштаву бартар зи одамӣ,
Эй беҳтар аз фариштаву бартар зи одамӣ,
Ақли мусаввариву равони муҷассамӣ.
Мо мубталои ранҷу ту бар ранҷ роҳатӣ,
Мо дардманди ишқу ту бар дард марҳамӣ.
Таъвизи ҷони худ зи ту хоҳем аз он, ки ту,
Гар ҷисми хокийӣ, ба шараф исми аъзамӣ.
Аз даъвии субот ба як ҷуръа сулҳ кун,
Эй маҳзари навишта, ту мавқуфи хотамӣ.
Ғофил аз он, ки нақш бар ин сикка баркананд,
Чун нақши сикка дар талаби симу дирҳамӣ.
Инак, туро талиаи меҳр аст дар камин,
Эй он, ки хуфта дар варақи гул чу шабнамӣ.
Шоҳин, ҳадиси ишқ фурӯ хон аз он, ки ту
Дар сирри ҳар чӣ ҳаст дар ин парда, маҳрамӣ.