Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Нозанин дилбарако, чанд ба ман ноз кунӣ,

Нозанин дилбарако, чанд ба ман ноз кунӣ, Банди тунбон ба канори дигарон боз кунӣ?! Ман, ки тухм аз таҳи лаклак ба шатал бистонам, Ту чунон шуъбадабозӣ, ки маро гоз кунӣ. Ваъдаи ҷӯрагӣ, эй дилбари покизагуҳар, Одамизода қаҳат зад, ки ба сарбоз кунӣ. Зоҳид, аз бодапарастон чӣ шунидӣ, ки мудом, Ҳар куҷо давра шавад, шиква зи носоз кунӣ? Эй хурӯси саҳарӣ, чист ба ман кинаи ту, Ки шаби васл саҳар ношуда овоз кунӣ?! Ҳарами роз туро ҳамчу мане мебояд, Ҳайф бошад, ки ба ҳар нокасу кас роз кунӣ. Ваъдаи бӯса намудӣ ба ману ҳам ба рақиб, Ваҳ, чӣ сон гар талаби ҳақ кунам, иқроз кунӣ. Бишнавам панди ту, воиз, ба масал саблати хеш, Ҳамчу мӯи сари мотамзада зан ғоз кунӣ. Ҳаргиз осон зи кафи ман натавонӣ растан, Гар пару бол бурун ориву парвоз кунӣ.