Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Эй рашки парӣ, ғайрати хубони ҷаҳонӣ,

Эй рашки парӣ, ғайрати хубони ҷаҳонӣ, Хубон ҳама ҷисманд, дар он ҷисм ту ҷонӣ. Исо наӣ, аммо агар аз ишқи ту мирам, Хоҳӣ, ки ба як ишва кунӣ зинда, тавонӣ. Соқӣ агарат ҳаст ба сар бода кашидан, Таҳҷуръаи худ бо мани махмур чашонӣ. Чун кокули мушкин ба чунин ҳоли парешон, Дунболи худам то каю то чанд кашонӣ? Аз нуқли лабаш гар шиканам рӯза, макун манъ, Эй зулф, ки бар ҳайати шоми рамазонӣ. Ҳаргиз накунад бори ғами ишқи ту, ҷоно, Бар хотири ғамдидаи ушшоқ гаронӣ. Эй дӯст, ба пирӣ бирасӣ, марҳамате кун, То бархӯрам аз давлати васлат ба ҷавонӣ. Ҳинду ба лаби чашмаи Кавсар набарад роҳ, Эй хол, ту дар кунҷи лаби ёр чӣ сонӣ. Шоҳин ҳама ҷо мадҳу санои ту бихонад, Бошад, ки туаш ҳам зи раҳи лутф бихонӣ.