Эй ғарра ба афсонаи айёми ҷавонӣ,
Эй ғарра ба афсонаи айёми ҷавонӣ,
Халқе зи ғамат пир шуд, ин турфа надонӣ.
Маълуми ту ҳолам нашуд аз номаву пайғом,
Боз о, ки кунам шарҳи ғами хеш забонӣ.
Баргардаму чун ашк зи домони ту гирам,
Ҳарчанд маро аз назари хеш биронӣ.
Онам, ки сари худ накунам аз қадамат дур,
Чун зулф агар дар қадами хеш кашонӣ.
Озодии моро зи ту беҳтар санаде нест,
Эй хатти рухи ёр, ки тавқеи амонӣ.
Бе ғолия дар чини сари зулфи ту бигзашт,
Моно, ки кунад боди сабо мушкфишонӣ.
Аз зулфи худу рӯи худ, эй шӯх, диламро
Бо мӯй кашониву ба оташ бинишонӣ.
Дар васфи ҷамоли ту надонам чӣ нависам,
Он чӣ ба тасаввур гузарад, беҳтар аз онӣ.
Қосид, бубар аз ман варақе ҷониби ҷонон,
Гарчанд ба ҳар гом задан ҷон биситонӣ
Пандам нашунидӣ ба вафо ҳеҷ, магар кард
Ин дурри гаронсанг ба гӯши ту гаронӣ?!
Шоҳин, ки чу ӯ табъи равон нест касеро,
Гӯӣ зи қади сарви ту омӯхт равонӣ.