Дилам рабудиву дар қасди бурдани ҷонӣ,
Дилам рабудиву дар қасди бурдани ҷонӣ,
Агар ғалат накунам, сахт номусулмонӣ.
Ман аз ҷафои ту чун рахт баркашам зи ҷаҳон,
Туро чӣ суд пас аз марги ман пушаймонӣ?!
Расидааст ба лаб ҷонам аз машаққати ҳаҷр,
Биё, ки дар қадамат ҷон диҳам ба осонӣ.
Ҷуз ин қадар набувад хубии туро нуқсон,
Қи қадри ошиқи мискини худ намедонӣ.
Фитодааст ба дасти сабо чу хотири ман,
Ба турраи ту муборак шавад парешонӣ.
Зи пушти туст рақиби даҳанкалон, в-арна
Ба ман ту, эй бути олуфта, боби дандонӣ.
Зи бас ҷафои ту бар ошиқон зи ҳад бигзашт,
Ниҳод қоидаи ишқ рӯ ба вайронӣ.
Гирифт мавҷаи ашкам чу абр домани баҳр,
Ҳанӯз, эй бути ман, ҳамчу ғунча хандонӣ.
Туро чӣ фоида аз ошноии ағёр,
Ҷуз ин, ки хотири ушшоқи худ биранҷонӣ.
Гадоии сари кӯи ту ҳар кӣ ҳосил кард,
Ба ними ҷав нахарад шавкати Сулаймонӣ.
Зи юмни тарбияти хусрави ҷаҳон, Шоҳин,
Шуда мусаххари ту кишвари сухандонӣ.