Эй, ки аз қадди расо ғайрати сарву чаманӣ,
Эй, ки аз қадди расо ғайрати сарву чаманӣ,
Сарвӣ, эй моҳ, ба қад, лек ба ораз суманӣ.
Лабу дандони ту, эй сарвқади симандом,
Беҳтар аз лаъли Бадахшониву дурри Аданӣ.
Лаби майгуни ту аз ғояти сурхӣ, ки дар ӯст,
Натавон фарқ намудан зи ақиқи Яманӣ.
Эй сияҳчашм, аҷаб нест, ки дар дида кашад,
Аз ғубори қадамат сурма ғизоли Хутанӣ.
Бар сари кӯи ту, бигзор, қароре гирам,
Умрҳо шуд, ки малулам зи ғами беватанӣ.
Гуфтамаш: – Шонасифат панҷа ба зулфи ту занам,
Ханда зад гуфт: – Илоҳӣ, ба бало панҷа занӣ.
Гуфтамаш: – Бӯса бидеҳ аз лаби худ. Гуфт: – Чаро?
Гуфтамаш: – Зар биниҳам дар кафи ту. Гуфт: – Қанӣ?
Кард хосияти лаъли лаби ҷонон, Шоҳин,
Тӯтии табъи маро шуҳра ба шакаршиканӣ.