Наям ман ҷуз ҳамин оворгарди кӯҳу ҳомуне,
Наям ман ҷуз ҳамин оворгарди кӯҳу ҳомуне,
Зи худ бегона, яъне Лайлиеро гашта Маҷнуне.
Дили ман бӯсаи дашномомези ту мехоҳад,
Ба тахмири гулу қандам макун таклифи маъҷуне.
Ба вазъи матлаб аз кайфу ками имкон қаноат кун,
Ки инҷо ҳеҷ кас воқиф нашуд бар чандеву чуне.
Таҳайюр гаҳ зи чашмакҳои ашкам анҷум орояд,
Сазад гар гардиши рангам кунад таъмири гардуне.
Ба тақлиде чӣ сон шоистаи таҳқиқ гардидан,
Ки натвон ворасид эъҷозро аз роҳи афсуне.
Чӣ гӯям аз расоиҳо, ки чун сарвам дар ин гулшан,
Ҷуз аз беҳосилӣ сомон надорад табъи мавзуне.
Зи шуғли нола фориғ нестам то зиндаам, Шоҳин,
Ки мебошад нафас дар синаам чун тори конуне.