Он на зулф аст, ки бар чеҳра барандохтаӣ,
Он на зулф аст, ки бар чеҳра барандохтаӣ,
Халқро рӯзи сиёҳе ба сар андохтаӣ.
Ман туро мардумаки дидаи худ медонам,
Ту маро ҳамчу сиришк аз назар андохтаӣ.
Аз хатти сабз, ки бар тарфи узори ту дамид,
Анбарин ҳола ба даври қамар андохтаӣ.
Аз камонабрӯи худ бар ҳадафи синаи ман
Тир андохта, аз пай дигар андохтаӣ.
З-он кафал коми дил осон нагирифтам, ҷоно,
Кундаи хеш ба зери табар андохтаӣ.
Як тараф меҳнати ҳиҷрону дигар таъни рақиб,
Бар сари ман чи балову батар андохтаӣ.
Гашт то лаъли шакарвори ту моил ба сухан,
Фитнаи тоза ба ҳар раҳгузар андохтаӣ.
Писаре чун ту назода-ст зи модар, ки нахуст
Оташи ишқ ба ҷони падар андохтаӣ.
Ба шакархандаи лаъли лаби худ Шоҳинро
Намаки суда ба реши ҷигар андохтаӣ.