Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Туӣ, ки коми ман, эй шӯхи хушкафал, надиҳӣ,

Туӣ, ки коми ман, эй шӯхи хушкафал, надиҳӣ, Муроди хотири ушшоқи камбағал надиҳӣ. Зи рӯи лутф ба дашноми талх шодам кун, Агарчи бӯса зи лабҳои чун асал надиҳӣ. Нахоҳӣ он, ки шавад рӯзгори халқ сиёҳ, Инони ғамза бар он чашми муктаҳал надиҳӣ. Чӣ сон зи васли ту хоҳам канори кори дигар, Ба бӯса коми мани хаста лоақал надиҳӣ? Чӣ гуна кӯҳи сурини туро кунам тавсиф, Ки Рахши фикри маро роҳ бар кутал надиҳӣ? Маро чу навбати васл имшаб аст дар ҳама умр, Ту он намой, ки айши маро халал надиҳӣ. Дилам зи ишқи ту хун шуд, ба туррааш биспор, Қадаҳ пур аст, Худоро, ба дасти шал надиҳӣ. Туро ба ин тани нозук рақиб дархӯр нест, Чӣ мешавад, ки ба ин аблаҳи дағал надиҳӣ. Рақиб ишқ надорад, маҷӯ дилаш ба висол, Бар он давоҷаи фазлат, ки бо касал надиҳӣ. Ба шила дил зи ту, Шоҳин, рабудӣ он рӯхар, Кунун бикӯш, ки ҷон аз раҳи шатал надиҳӣ.