Хатти ту гарди ғолия гирди қамар зада,
Хатти ту гарди ғолия гирди қамар зада,
Аз мушки суда муҳр ба дурҷи гуҳар зада.
Ташбеҳ ҷуз ба ҷавҳари ҷон нораво бувад,
Лаъли туро, ки ханда ба ёқути тар зада.
Чашми ту зоғакест, ки дар зери зулфи ту
Аз офтоби рӯи ту бар соя бар зада.
Эй ҷони ман тасаддуқи ҷони ту, афв кун
Ҳар кӯтаҳӣ, ки аз мани бечора сар зада.
Болои нозуки ту зи ширинии хиром
Бас укдаҳо, ки дар ҷигари найшакар зада.
Дорӣ хаёли куштани ман в-арна баҳри чист
То соид остини ду дасти ту бар зада?
Донӣ, манам ғуломи шаҳе, к-аз сари ниёз
Ҷавзо каманди чокарияш бар камар зада.
Бар ман макун ситам, ки зи дастат ба назди шоҳ,
Хоҳам гирист дасти тазаллум ба сар зада.
Эй хусраве, ки маснади қадрат чу офтоб,
Бар чорумин сипеҳри улув поя барзада.
Килки қазо навишт чу туғрои давлатат,
Бар рояти ту ояи фатҳу зафар зада.
Шукри Худо, ки меҳри туро ёфт оқибат
Шоҳин, агарчи буд балову батар зада.