Қулай кардам, ки нофаҳмонда бӯсам аз даҳони ӯ,
Қулай кардам, ки нофаҳмонда бӯсам аз даҳони ӯ,
Рамиду дод нафрин ҳар чи омад бар забони ӯ.
Лабаш дар ханда мерезад шакар аз ҳуққаи гавҳар,
Маро, эй ҷон, нисори ҳуққаи шакарфишони ӯ.
Ятоқам кард он ширинписар аз зӯри пул хӯрдан,
Вале коми умедам барнаёмад аз лабони ӯ.
Ҷудо шуд аз кафам ангушту нагрифтам зи домонаш,
К-аз он дасти таманно ҳалқа гардад дар миёни ӯ.
Надонистам зи ғафлат қадри айёми висол акнун,
Дареғ, аз ҳар кӣ меҷӯям, намеёбам нишони ӯ.
Аз он рухсори оташнок мебӯсад рақиб, овах,
Зи тоби рашк месӯзад маро оташ ба ҷони ӯ.
Зи хоки остонаш ёфтам, Шоҳин, муроди худ,
Ниҳодам чун сари ҳиммат ба хоки остони ӯ.