Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Бурд дил аз дасти ман зулфи парешони ӯ,

Бурд дил аз дасти ман зулфи парешони ӯ, Кард сияҳ бахти ман наргиси фаттони ӯ. Баски таровид шаҳд гоҳи сухан аз лабаш, Гашт пур аз ангубин чоҳи занахдони ӯ. Мешиканад қадри лаъл ашки гуҳарбори ман, Мебарад оби гуҳар лаъли сухандони ӯ. Он ҳама лаъле, ки буд дар ҷигари ман ниҳон, Яксара чашми тарам рехт ба домони ӯ. Мурғи дили ман бувад, он ки зи шаб то саҳар Нола кунад чун ҳамом бар сари айвони ӯ. Боди сабо дамбадам қофила дар қофила, Ғолия бар Чин барад аз хати райҳони ӯ. Оҳуи Чинро кашад пои таваҳҳуш ба дом, Силсилаи турраи ғолияафшони ӯ. Абрӯи ӯ гар кунад гӯшакашӣ чун камон, Рахна ба дин барзанад новаки мижгони ӯ. Гарчи ба васлам накард, шод ба дашном кард, Дар ҳаққи Шоҳин бас аст ин ҳама инъоми ӯ.