Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Шамсиддини Шоҳин
Шамсиддини Шоҳин

Эй маҳи лоғармиёну эй бути фарбеҳсурин,

Эй маҳи лоғармиёну эй бути фарбеҳсурин, Ман ба фикри ину онам гаҳ чунон, гоҳе чунин То шавад равшан, ки дар хубӣ яди байзо турост, Соиди симини худ берун барор аз остин. Мӯ бар андомам ба ранги пӯстин хезад зи рашк, Чун туро гирад рақиб, эй маҳ, ба зери пӯстин. Илтимоси бӯса гар хоҳам намуд аз лаъли ту, Ё ҷавобаш гардиши чашм аст ё чини ҷабин. Дар канори ман бинеҳ, ҷоно, сурини хешро, Ҳайф бошад ҳалқаи ҷонро ниҳодан бар замин. Гар ту биншинӣ, нишинад сад ҷаҳон ҷон аз ясор, В-ар ту бархезӣ, бихезад сад ҷаҳон дил аз ямин. Умрҳо шуд меравад аз чашми Шоҳин ҷӯи об, Боварат гар нест, эй сарви равон, боз ову бин!