Эй лабат мул, оразат гул, турраат сунбул барин,
Эй лабат мул, оразат гул, турраат сунбул барин,
Ғабғабат дар чарбу нармӣ тухми нимдунбул барин.
Оқибат коми дили худ з-он кафал хоҳад гирифт,
Ҳар кӣ аз пушти ту афтад рӯзу шаб кокул барин.
Дар бисоти ман дирам панҷу даҳе мавҷуд нест,
З-он надорам қадру қимат пеши ту як пул барин.
Меравӣ аз суҳбати ман ҳамчу наргис саргарон,
Менишинӣ тозарӯ пеши рақибон гул барин.
То ниқоб аз чеҳра андозӣ чу гул дар пои ӯ,
Мекунам фарёд ҳар шаб то саҳар булубул барин.
Кай ба рағбат дил дар он чоҳи зақан гардад асир,
То наафтад турраат дар гардани ӯ ғул барин.
Ту бухорибачаӣ, ҷоно, тавозуъпеша бош,
Ин қадар тундӣ чӣ лозим мардуми Кобул барин.
Метавон сайри чаман дар маҷлиси ман, з-он ки ҳаст,
Сарви миношаклу бонги фохтаву қулқул барин.
Дар пули як шишае зоҳид намегирад гарав
Далқи моро нест қадре пеши ин хар ҷул барин.
Мисли ман нозук тананда тору пуди шеърро,
Нест чун дардо, ки бофӣ аҳли Истамбул барин.
Рутбаи Шоҳиниям ҳосил шуд аз имдоди шоҳ,
В-арна будам пеш аз ин калходи бе чангул барин.