Шеърҳо бо теги: ғазал
Шеърҳои марбут ба теги «ғазал» дар сомонаи «Шоирон».
Ҳастии ман шуд ҳиҷоби ӯ, бидеҳ, соқӣ, шароб,
Ҳастии ман шуд ҳиҷоби ӯ, бидеҳ, соқӣ, шароб, То кунад аз ҳастии ман як замон ғофил маро. Гар нагирад дасти ман шоҳи араб, эй войи ман, Инчунин к-андар аҷам монд
Сабукдастӣ кун, эй соқӣ, бидеҳ ратли гарон моро,
Сабукдастӣ кун, эй соқӣ, бидеҳ ратли гарон моро, Ба худ дармондаем, аз мо замоне вораҳон моро. Намехоҳам, ки афтад чашми мо бар ту, хушо вақте, Ки созӣ дар ҳиҷо
Субҳи азал ба хонаи заррини офтоб,
Субҳи азал ба хонаи заррини офтоб, Бар лавҳи сими чарх навиштанд ин хитоб. К-ин сабзхишти мадрасаи зарнигор нест Ҷуз баҳри ҳар ҳунарталаби дониши китоб.
Рахшанда ҷирми хур, ки бар ин сабзторам аст,
Рахшанда ҷирми хур, ки бар ин сабзторам аст, Қандили гӯрхонаи шоҳони олам аст. Карданд равшанони фалакро кабудпӯш, Яъне, ки ин сарочаи арбоби олам аст.
Сақок аллаҳ, эй диёр, ки зи даври рӯзгор,
Сақок аллаҳ, эй диёр, ки зи даври рӯзгор, Тиҳӣ мондаӣ зи ёр, ману ҷони беқарор Ба гирди ту ашкбор, чи пинҳон чи ошкор, Чу абре, ки дар баҳор кунад гиря дар чама
Эй, аз ду ҷоми лаълат моро тамом ниме,
Эй, аз ду ҷоми лаълат моро тамом ниме, Айши тамоми моро бас з-он ду ҷом ниме. Гуфтам, зи зикри номат ёбам зи худ раҳоӣ, Аз худ тамом растам, ногуфта ном ниме.
Ду соиди ту, ки оини ҳарду ҳаст яке,
Ду соиди ту, ки оини ҳарду ҳаст яке, Ба хуни хастадилон кардаанд даст яке Карашмаҳои ту шуд раҳнамуни ишвагарон, Ки рух кушод якеву ниқоб баст яке.
Эй сипеҳр аз ҳаҷри ёрам сӯхтӣ,
Эй сипеҳр аз ҳаҷри ёрам сӯхтӣ, Зориям дидиву зорам сӯхтӣ. Рӯзи ман кардӣ шаби тору чу шамъ Зор дар шабҳои торам сӯхтӣ.
Эй, ки ба ширинсуханӣ нархи шакар мешиканӣ,
Эй, ки ба ширинсуханӣ нархи шакар мешиканӣ, Ҳабака афнӣ баданӣ шавкаки афнӣ шаҷанӣ.21 Чеҳра афрухтаӣ, ҷони касон сӯхтаӣ, Моҳи кадомин фалакӣ, шамъи кадом анҷума
Эй зи ғамҳои ту бо мурдан баробар зиндагӣ,
Эй зи ғамҳои ту бо мурдан баробар зиндагӣ, Зарбати теғат паёпай зиндагӣ бар зиндагӣ. Чун тамаъ дорам зи бахти худ давоми васли ту, Менагардад ҷовидон касро муяс
На башар хонамат, эй дӯст, на ҳуру на парӣ,
На башар хонамат, эй дӯст, на ҳуру на парӣ, Ин ҳама бар ту ҳиҷоб аст, ту чизи дигарӣ. Нури покиву фасона-ст ҳадиси гулу об, Лутфи маҳзиву баҳона-ст ҳадиси башар
Бемори ту шудам ба аёдат наёмадӣ,
Бемори ту шудам ба аёдат наёмадӣ, Сӯи муриди худ ба иродат наёмадӣ. Ранҷуриям фузуд, чу дар пурсишам қадам Ранҷа накардиву ба аёдат наёмадӣ.
Бар камандат ба гирифтории ман нест касе,
Бар камандат ба гирифтории ман нест касе, Бо сагонат ба вафодории ман нест касе. Бо ҳама ёриву аз ёрии ман безорӣ, Дар ҳама шаҳр ба беёрии ман нест касе.
Мушки тар, бар барги гул судӣ, балои ҷон шудӣ,
Мушки тар, бар барги гул судӣ, балои ҷон шудӣ, Кори ҷон чун сохтӣ, ғоратгари имон шудӣ. Гирди лаъли ҷонфизои худ фузудӣ хатти сабз, Хизрро раҳбар ба сӯи чашмаи
Сӯи бемори худ, эй ҷони ҷаҳон, дер оӣ,
Сӯи бемори худ, эй ҷони ҷаҳон, дер оӣ, Хоҳам аз ғам бикушӣ зуд-ш, аз он дер оӣ. Умр бас зуд равад, ҷон чу равад дер ояд, Чанд чун умр равӣ зуду чу ҷон дер оӣ?
Ҳеч аз ин мубтало намепурсӣ,
Ҳеч аз ин мубтало намепурсӣ, Чист мӯҷиб, чаро намепурсӣ? Нест парвои ҳоли банда туро, В-аз барои Худо намепурсӣ?
Дидаме дидори он дилдори раъно, кошкӣ,
Дидаме дидори он дилдори раъно, кошкӣ, Дида равшан кардаме з-он рӯи зебо, кошкӣ. Хотир андар сояи Тубо наёсояд маро, Соя кардӣ бар сарам он сарви боло, кошкӣ.
Эй кош, ман бар он сари кӯ хок будаме,
Эй кош, ман бар он сари кӯ хок будаме, То поймоли он бути чолок будаме. То бод бурдиям ба сари кӯйи дӯст, кош Мардум набудаме, хасу хошок будаме.
Дили маро зи ҳазор орзу бигардонӣ,
Дили маро зи ҳазор орзу бигардонӣ, Дар орзуи худам кӯ ба кӯ бигардонӣ. Зи қибла рӯй бигардониям, ки рӯ ба ман ор, Ба рӯи ту чу кунам рӯй, рӯ бигардонӣ.
Дӣ он чи шакл буд, ки аз раҳ баромадӣ,
Дӣ он чи шакл буд, ки аз раҳ баромадӣ, Бар дида ҷилва кардиву дар ҷон даромадӣ. Рафтиву буд рӯи ту аз моҳу меҳр беҳ, Миннат Худоро, ки аз он беҳтар омадӣ.
Гӯӣ ки манам ёри ту, эй ҷону, набошӣ
Гӯӣ ки манам ёри ту, эй ҷону, набошӣ В-аз ёрии ағёр пушаймону набошӣ. Бечора ман, он дам, ки зи гул бӯи ту ояд, Бар бӯи ту оям ба гулистону набошӣ.
Ба роҳам дидиву нодида кардӣ,
Ба роҳам дидиву нодида кардӣ, Саломат гуфтаму нашнида кардӣ. Гар ин маънӣ писанди хотири туст, Намегӯям, ки напсандида кардӣ.
Зи мо ҳамегузариву ба мо наменигарӣ,
Зи мо ҳамегузариву ба мо наменигарӣ, Чӣ ҷурм рафту хиёнат – чаро наменигарӣ? Зи ҷаври он, ки қафо сӯйи мо куниву равӣ, Ҳамекунем фиғон в-аз қафо наменигарӣ?
Сабзхату гулрухо, тозабаҳори кистӣ?
Сабзхату гулрухо, тозабаҳори кистӣ? Тарфи кулаҳ шикастаӣ, турфанигори кистӣ? Маркаби ноз зери рон, карда камон зи абрувон, Новаки ғамза бар камон – баҳри шикори
Чун рухат бинам, сари хеш аз ҷафо пеш афканӣ,
Чун рухат бинам, сари хеш аз ҷафо пеш афканӣ, В-оташи маҳрумиям дар синаи реш афканӣ. Шаҳр пурғавғо шуд аз ту, кош чун оӣ бурун, Дафъи ғавғоро ниқобе бар рухи х
